0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ОМИЛҲОИ ГУСТАРИШ ВА ТАШАККУЛИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ АРАБ ДАР ҲАВЗАИ АДАБИИ ГУРГОН ДАР САДАҲОИ IX-X

Муаллиф (он)

Ҳомидиён Ҳ.К.

Чакидаи мақола

Ташаккул ва густариши забон ва адабиёти араб дар ҳудуди Эронзамин умуман ва дар ҳавзаи адабии Гургон махсусан, баррасӣ шудааст. Зикр гардидааст, ки дар садаҳои IX-X маркази давлати Зиёриён - шаҳри Гургон дар баробари Бухоро дар аҳди Сомониён, Хоразм дар аҳди Хоразмшоҳиён ва шаҳри Рай дар вақти султаи Оли Буя ба унвони яке аз марказҳои чаҳоргонаи адабиву фарҳангии он замон, аз ҷумла адабиёти арабизабони форсу тоҷик шинохта шудааст. Сабабҳои паҳн гаштани забону адабиёти араб ва аз ҷониби мардуми эронитабори форсизабон хуб пазируфта шудани он ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Таъкид рафтааст, ки дар асрҳои аввали исломӣ бо сабаби кишваркушоии мусалмонони нахустин, дини ислом интишор ёфта, барои хондани китоби Қуръон ва аҳодиси Паёмбар (с) забон ва адабиёти араб ҳамроҳ бо ин ду сарчашмаи асосии дин вориди кишварҳои фатҳшуда гардида, аз ҷониби мардуми тозамусалмоншуда хуб пазируфта шуд. Тарҷума ва таҳлили намунаҳои ашъори шоирони арабисарои форсу тоҷики асрҳои IX-X ҳавзаи адабии Гургон пешниҳод гардидааст.

Калидвожаҳо

шоирони арабисаро, адабиёти арабизабони форсу тоҷик, забону адабиёти араб, ҳавзаи адабии Гургон, Сомониён, Оли Буя, Зиёриён

Пайнавишт

1-ابن خلكان، ابو العباس شمس الدين احمد بن محمد. وفيات الأعيان وأنباء أبناء الزمان. ج.1. تحقيق احسان عباس. -بيروت: دار صادر، ،1968.

(Ибни Халликон, Абуаббос Шамсуддин Аҳмад ибни Муҳаммад. Вафаёт-ул-аъён ва анбоу абнои-з-замон. ҷ.1. Таҳқиқу Иҳсон Аббос. –Байрут: Дору-с-содир, 1968)

2-الباخرزي، علي بن الحسن بن علي بن أبوطيب. دمية القصر وعصرة أهل العصر.3- ج. تحقيق ودراسة الدكتور محمد التنوخي، -بيروت: دار الجيل، 1415/1993.

(ал-Бохарзӣ, Алӣ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Абутайиб. Думят-ул-қаср ва усрату аҳли-л-аср. 3ҷ. Таҳқиқу ва диросату Дуктур Муҳаммад ат-Танухӣ, - Байрут: Дор-ул-ҷил, 1415/1993)

3-براون، ادوارد. تاريخ ادبيات ايران (از فردوسى تا سعدى). ترجمه فتح الله مجتباى. انتشارات مروارد، 1341.

(Броун, Адворд. Тарихи адабиёти Ирон (аз Фирдавсӣ то Саъдӣ) Тарҷумаи Фатҳуллои Муҷтабоӣ. Интишороти Марворид, 1341)

4-الثعالبى، ابو منصور عبد الملك النيسابرى. يتيمة الدهر في محاسن أهل العصر. 7 أجزاء.تحقيق مفيد محمد. -بيروت: دار الكتب العلمية. 2000.

(ас-Саъолибӣ, Абумансур Абдулмалик ан-Нисобурӣ. Ятимат-уд-даҳр фӣ маҳосини аҳли-л-аср. 7 аҷзоъ. Таҳқиқу Муфид Муҳаммад. –Байрут: Дор-ул-кутуб ал-илмия, 2000)

5-حسيني محمد باقر. جاحظ نيشابور. - مشهد:  انتشارات داتشگاه فردوسى، چ 1. 1382

(Ҳусайнӣ, Муҳаммад Боқир. Ҷоҳизу Найшобур. – Машҳад: Интишороти донишгоҳи Фирдавсӣ, ҷ.1.1382)

6-الحموى، ياقوت شهاب الدين. معجم الأدباء. 20 جزءا. الطبعة الثالثة. بيروت: دار الفكر، 1980/1400ق.

(ал-Ҳамавӣ, Ёқут Шаҳобуддин. Муъҷам-ул-удабо. 20 ҷузан. ат-Табаъату ас-солисату, -Байрут: Дор-ул-фикр, 1980/1400)

7-الحوفي، احمد محمد. تيارات ثقافية  بين العرب والفرس. القاهرة: دار نهضة مصر،  1967.

(ал-Ҳавфӣ, Аҳмад Муҳаммад. Тайоротун сақофиятун байн-ал-ъараб ва-л-фурс. - ал-Қоҳирату: Дор-ун-наҳзати Миср, 1967)

8-الخفاجي، محمد عبدالمنعم. الثقافة الإسلامية  بين ماضيها وحاضرها. طبعة المجلس الأعلى للشؤون الإسلامية، 1966.

(ал-Хаффоҷӣ, Муҳаммад Абдулмунъим. ас-Сақофат-ул-исломияту байна мозиҳо ва ҳозириҳо. Табъат-ул-маҷлис ал-аъло ли-ш-шуъуни-л-исломия, 1966)

9-زغلول سلام، محمد. تاريخ النقد الأدبي من القرن الخامس إلى العاشر. – القاهرة: دار المعارف، (لا تا)

(Зағлул Салом, Муҳаммад. Торих-ун-нақд-ил-адабӣ мин-ал-қарн-ил-хомис ило-ъошир. – Байрут: Дор-ул-маъориф, (ло то))

10-الشامي، علي. الأدب الفارسي في العصر الغزنوي. – تونس (لا تا)

(аш-Шомӣ, Алӣ. ал-Адаб-ул-форсию фи-л-асри-л-Ғазнавию. Тунис. (ло то))

Таърихи нашр

Четверг, 11 Апрель 2024