0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ҶОЙГОҲИ ВОҚЕИЯТ ВА ТАХАЙЮЛ ДАР ГӮШАИ ҲАҶВИИ “АНБӮР”-И РӮЗНОМАИ “ҲАҚИҚАТИ ЛЕНИНОБОД”

Муаллиф (он)

Мавлянова М.З.

Чакидаи мақола

Маводи яке аз гӯшаҳои маъруфи ҳаҷвӣ “Анбур” мавриди омузишу баррасӣ қарор гирифтааст. Диққати асосӣ ба масъалаи воқеият ва тахайюл ва нақши онҳо дар ҷолибии  анвои ҳаҷвӣ таваҷҷуҳ намудааст. Зикр шудааст, ки дар бештари осори ҳаҷвӣ пайванди воқеа, андеша ва аносири ҳаҷвӣ бо унсурҳои бадеият, баёни маҷозии андеша, фикрҳои ҷолиби киноятдор мушоҳида мегарданд, ки бешак ҳар хонандаро ба андеша кардан водор менамоянд. Таъкид гардидааст, ки дар гӯшаи “Анбур” маводи ҳаҷвӣ ҳамчунин дар шакли манзум низ дучор мешаванд. Аз ҷумла таҳти ин рубрика ашъори ҳаҷвии шоири маъруфи тоҷик Муҳиддин Аминзода чоп шудааст.  Дар асоси таҳқиқу баррасии матолиби ҳаҷвии гӯшаи “Анбӯр” хулосабарорӣ шудааст, ки маҳаки асосии он ҳама осори ҳаҷвиро воқеияти иҷтимоӣ ташкил медиҳад ва онҳо ба инъикоси норасоию камбудиҳои ҳаёти ҷомеа бахшида шудаанд.

Калидвожаҳо

гӯшаи “Анбур”, рӯзномаи“Ҳақиқати Ленинобод”, ҳаҷв, анвои ҳаҷвӣ, шеърҳои М.Аминзода

Пайнавишт

1.    Гуревич, С.М. Газета: вчера, сегодня, завтра / С.М. Гуревич. – Москва: Аспект-пресс,  2004. – 288 с. 

2.    Муродов, М. Публитсистикаи ҳаҷвӣ[масъалаҳои пайдоиш, инкишоф ва таҳаввул] / М. Муродов. – Душанбе: Ирфон, 2015. – 320 с.

3.    Мӯсоев, Ш. Бурду бохти ҳаҷв / Ш. Мӯсоев//Адабиёт ва санъат. – №40, 5.10.2006.

4.    Аминзода,  М. Арзи ариза/ М.Аминзода// Ҳақиқати Ленинобод. № 137, 8.07.1956.

5.    Додо Р. Анбӯри азиз / Р. Додо// Ҳақиқати Ленинобод. – №166, 20.08.1955.

6.    Қурбон, Б. Карнайҳои гунгалак, карнайчиҳои сергап/ Б.Қурбон// Ҳақиқати Ленинобод.  – №65, 28.03.1956.

Таърихи нашр

Среда, 26 Июнь 2024