0.0/5 овоз (0 овозҳо)

ТЕМА ВА РЕМА ДАР СОЗМОНҲОИ МАФЪУЛИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Муаллиф (он)

Юсупова Манзураҷон Ибрагимҷоновна

Чакидаи мақола

Масъалаи тема ва рема, ки бо таҷзияи актуалии ҷумла алоқамандии зич дорад, мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Самтияти коммуникативии ҷумлаҳои англисӣ дар созмонҳои мафъулӣ баррасӣ шудааст, зеро дар созмонҳои мазкур ҷузъҳои мухобиравии ҷумла, яъне тема ва рема бештар инъикос меёбанд.Ҳар як ҷумла ҳамчун воҳиди мухобиравӣ мақсадеро дар худ инъикос менамояд. Тавассути ҷумла гӯянда мехоҳад ба шунаванда хабари наверо расонад, чизи ба хеш номаълумеро пурсад ё ҳамсӯҳбатро ба иҷрои амале водор созад. Бин6обар ин ба баррасии раванди коммуникативии созмонҳои мафъули забони англисӣ диққати махсус дода шудааст зеро дар созмонҳои мазкур ҷузъҳои мухобиравии ҷумла, яъне тема ва рема бештар инъикос меёбанд. Хусусиятҳои тематикӣ ва рематикии гуфтор дар забоншиносӣ равандҳои гуногуни муоширатӣ доранд. Муносибати онҳо бо аъзоҳои ҷумла зич марбут буда, барои забон ҳам аз ҷиҳати назарӣ ва ҳам амалӣ муҳим ва рӯмарра ба шумор меравад. Маҳз аз ҳамин сабаб бисёр забоншиносон ба ин масъала диққати махсус додаанд.

Калидвожаҳо

Калидвожаҳо: категорияи самти феълӣ, созмони мафъул, ҷумла, таҷзияи актуалӣ, тема, рема

Пайнавишт

1.         Матезиус В. О так называемом актуальном членении предложения. (В сб.: Пражский лингвистический кружок) / В. Матезиус. – Москва, 1967. – 372 с.

2.         Панфилов В.З. Взаимоотношение языка и мышления / В.З. Панфилов. – Москва, 1971. - C.184-200.

3.         Пауль Г. Принципы истории языка / Пер. с немецкого языка / Г. Пауль. – Москва, 1960. – 340 c.

4.         Смирницкий, А. И. Синтаксис английского языка / А.И. Смирницкий. – Москва, 1957. - 418 с.

5.         Шевякова, В.Е. Современный английский язык / В.Е. Шевякова. – Москва: Наука, 1980. – 381 с.

6.         Ilyish, B. The Structure of Modern English / B. Ilyish. - L.: Prosvesheniye, 1971. – 368 p.

7.         Jespersen, O. A Modern English Grammar on Historical Principles / O. Jespersen. Part IV. Lnd., 1949. - 418 p.

8.         Bongaarts J. Human population growth and the demographic transition // The Royal Society Publishing. https://royalsociety.org

9.         Research Student Gathering. The Hong Kong Polytechnic University.

 1 August, 2022. https:/www.polyu.edu.hk

10.     Stevenson, R. Treasure Island/ R. Stevenson. - M.: Foreign Languages Publishing House, 1963.-278.

11.     Voynich, E.L. The Gadfly / E.L. Voynich. -M.: Foreign Languages Publishing House, 1954.-332 p.

 

Таърихи нашр

Пятница, 31 Март 2023