5.0/5 овоз (1 овозҳо)

ПЕШГИРИИ ДУ ШӮРИШ ДАР БУХОРО

Муаллиф (он)

Розиқзода А.Ш.

Чакидаи мақола

Вазъияти мураккабу нобасомони Бухорои даҳсолаи аввали асри ХХ, фаъолияти пинҳонии зиддирусии муллоҳои мутаассиб ва омодагии онҳо ба ду шӯриш дар солҳои 1910 ва соли 1911, ки политсия аз он ҷилавгирӣ намудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.Дар охири асри XIX ва бахусус ду даҳсолаи аввали асри XX вазъияти Бухоро аз ҳар ҷиҳат чандон ором набуд. Моҷарои фоҷиабори шиа ва суннӣ вазъи ноороми пойтахтро боз ҳам муташанниҷтар гардонид. Баъд аз фурӯ нишонидани фоҷиаи  шиа ва суннӣ ва таҳқиқи сабабҳои он ҳукуматдорони мустамликавии Россия назорати махфиро аз болои худи амир, амалдоронаш, рӯшанфикрон, ҷадидон ва муллоҳои мутаассиб пурзӯр намуданд. Хусусан, политсия хеле фаъол гашта, гумоштаҳои худро дар ҳар маҳаллаву гузар ва бозору корвонсароҳо гузошта, ба таври махфӣ аз онҳо маълумоти зарурӣ гирд меовард. Ҳукумати подшоҳии Россия аз он дар таҳлука афтода буд, ки ҳисси русбадбинӣ дар байни рӯҳониён рӯ ба афзоиш дошт ва мабодо он ба як ҳаракати калони зиддирусӣ табдил ёбаду ба он Афғонистону Туркия низ ҳамроҳ шаванд. Дар натиҷаи бурдани корҳои оперативӣ-гумоштавӣ ба политсияи Россия муяссар гашт, ки аз ду шӯриш дар шаҳри Бухоро, ки рӯҳониёни мутаассиб ташкил карданӣ буданд, пешгирӣ намояд.

Калидвожаҳо

Вожаҳои калидӣ: ҷадидон, рӯҳониёни мутаассиб, шиа, суннӣ, генерал-губернатор, Агентии сиёсии Россия дар Бухоро, политсияи махфӣ

 

Пайнавишт

1.        Абдурауфи Фитрати Бухороӣ. Баёноти сайёҳи ҳиндӣ.- Душанбе: Ирфон, 2009.

2.        Адиб Холид. Ҷадидон, Миллат ва Ватан [Захираи электронӣ]. https://ozodi.org/a//1223514.html (санаи муроҷ.: 26.05.2021).

3.        Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро. - Душанбе: «Адиб», 1987. С.105.

4.        Арапов Д.Ю. Мусульманское движение в Средней Азии в 1910 г. (по архивным  материалам Департамента полиции МВД Российской империи //Сб. Русск. ист. общ. М.Т.Б (153).- М.,2002. - С.127-134.

5.        Броздин С.С. Пробуждение Бухары: Бухарский эмират в конце XIX - начале XX вв.   Karadeniz. 2012. №4 (14). S. 47-64. [Электронный ресурс]. https://vk.com/wall-52136985_5193 (дата обращ.: 10.03.2021).

6.        Розиқзода А.Ш. Миршаб.- Душанбе: Ирфон. 2021.-423 с.

7.        Российский государственный исторический архив. Ф.821, оп, 8. д.612, л.369 обр.

8.        Хотамов Н.Б. Свержение эмирского режима в Бухаре. Душанбе, 2018.

9.        ЦГА Р. Уз. Ф.И.- 461.оп.1.д.1023.л.71обр.

10.    ЦГА Р.Уз. Ф.И.- 461.оп.1.д.1260.76.обр.

11.    ЦГА Респ. Узб. Ф.И-461, оп.1, д.1260, л.75 обр.

Таърихи нашр

Четверг, 21 Апрель 2022