0.0/5 овоз (0 овозҳо)

РОҶЕЪ БА МОРФЕМА ВА НАМУДҲОИ ОН ДАР СИСТЕМАИ МОРФОЛОГИИ ЗАБОНҲОИ МУОСИРИ АНГЛИСӢ ВА ТОҶИКӢ

Муаллиф (он)

Усмонова Малоҳат Эҳсоновна, Абдуллоев Мӯминҷон Мамадҷонович

Чакидаи мақола

Яке аз воҳидҳои хурдтарини маънодори забон – морфема дар  системаи морфологии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ баррасӣ шудааст. Мутобиқи таснифоти морфемаҳо морфемаҳои калимасоз маънои лексикии калимаро тагйир дода, морфемаҳои грамматикӣ ё шаклсоз ба калима маънои грамматикӣ илова мекунанд. Яке аз таркибҳои морфемаҳоро аффиксҳо ташкил дода, дар забонҳои муқоисашаванда барои калимасозӣ ва ташаккули шаклҳои гуногуни ҳамон як калима хизмат мекунанд. Миқдори морфемаҳое, ки зиёда аз як вазифаро иҷро мекунанд, дар забони тоҷикӣ назар ба забони англисӣ зиёданд. Дар низоми морфологии забони англисӣ морфемаи флективӣ ва дериватсионӣ ва дар забони тоҷикӣ решагӣ ва ёридиҳандаро ҷудо мекунанд. Морфемаҳои решагӣ унсури ҳатмии калима маҳсуб ёфта, ба қатори морфемаҳои ёридиҳанда суффиксҳо, префиксҳо ва аффиксҳо дохил мешаванд. Дар ҳар ду забон морфемаҳои сифрӣ мавҷуданд, ки аз лиҳози фонетикӣ ифода намешаванд.

Калидвожаҳо

Вожаҳои калидӣ: забони англисӣ, забони тоҷикӣ,морфема, таркибҳои морфемаҳо, аффикс, морфемаи бисёрфунксионалӣ, аффикс, морфемаи сифрӣ, морфемаи холӣ  

Пайнавишт

Пайнавишт:

1.        Ахманова О.С. Теория словообразования и задачи обучения иностранным языкам // Филологические науки. – 1974.- №5. – С. 36-47.

2.        Байзоев А. Истилоҳот ва калимасозӣ дар “Донишнома”-и Абуалӣ Ибни Сино/ Байзоев А. – Душанбе: Андалеб Р, 2016. – 196 с.

3.        Бодуэн де Куртенэ И.А. Избранные труды по общему языкознанию. – Москва, 1963. 750 с.

4.        Забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1. Душанбе, 1973.452 с.

5.        Климов Г.А. Фонема и морфема. «Empty morphs» М., 1967. – 126с.

6.        Қосимов О.  Лексика “Шахнаме” Абулькасима Фирдоуси: дисс...доктора филологических наук. Душанбе, 2011. 339 с.

7.        Мухин А.М. Деривационные морфемы и методы исследования // Лингвистические  исследования. – Москва,1982. –  C. 172-182.

8.        Усмонов К.  Грамматикаи  назарии  забони  англисӣ. Душанбе, 2011. – 236 с.

9.        Усмонова М.Э. Роҷеъ ба баъзе омоморфемаҳои забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ // Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи имлҳои гуманитарӣ №2(87). Хуҷанд, 2021. С. 104-111.

10.    Fowler R. Meaning and theory of the morpheme // Lingua.  Amsterdam, 1963.  P- 165-176.

11.    Hokket Ch.F.  Morphology. Language Vol., 1947. 231p.

12.    Ilish B.A. The Structure of Modern English. М., Л., 1965.367p.

 

Таърихи нашр

Понедельник, 12 Сентябрь 2022