0.0/5 овоз (0 овозҳо)

НУСХАШИНОСИИ ДАСТХАТҲОИ ДЕВОНИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ АЗ КИТОБХОНАИ АЁСӮФИЯ

Муаллиф (он)

Насриддинов Фахриддин

Чакидаи мақола

Панҷ дастхати нодири девони Камоли Хуҷандӣ, ки дар "Китобхонаи Аёсӯфия" (Истамбул) таҳти рақамҳои 3857, 3945, 3946, 3962 ва 3963 нигаҳдорӣ мешаванд, муаррифӣ шудааст. Мухтасаран таърихи ганҷинаи ёдшуда ва аҳамияти мероси хаттии он зикр гардидааст. Муҳимтарин хусусиятҳои нусхашиносии ҳар як аз панҷ дастхати мазкур ба таври муфассал баён шудааст. Таъкид гардидааст, ки нусхаи шумораи 3945, ки дар миёнаи моҳи раҷаби соли 813/миёнаи ноябри соли 1410 дар Шероз дар аҳди Искандармирзо ибни Умаршайх ибни амир Темур ҳамагӣ баъди даҳ соли фавти Камол аз ҷониби Ҳофиз Ҳасани Шерозӣ китобат шудааст, дастхатти аз ҳама қадимии имрӯз маълуми таърихдори шоир ба ҳисоб меравад.Аз рӯи баъзе қаринаҳо фарзияе баён шуааст, ки китобати дастхатти дувуми қадимтарини таърихдори Камоли Хуҷандӣ, ки таҳти шумораи 3857 дар ҳамин ганҷина маҳфуз аст, низ ба қалами  Ҳофиз Ҳасани Шерозӣ тааллуқ дорад. Ҷойгоҳи нусхаҳои китобхонаи Абусуфия дар нашрҳои минбаъдаи девони шоир таъкид гардидааст.

Калидвожаҳо

Калидвожаҳо: Камоли Хуҷандӣ, китобхонаи Аёсӯфия, дастхат, Ҳофиз Ҳасани Шерозӣ, хусусиятҳои нусхашиносӣ, чопи девони Камол,нусха

 

Пайнавишт

Пайнавишт:

1.        Девони Камоли Хуҷандӣ, нусхаи хаттии шумораи 3945 аз Китобхонаи Аёсӯфия.

2.        Девони Камоли Хуҷандӣ, нусхаи хаттии шумораи 3857 аз Китобхонаи Аёсӯфия.

3.        Девони Камоли Хуҷандӣ, нусхаи хаттии шумораи 3946 аз Китобхонаи Аёсӯфия.

4.        Девони Камоли Хуҷандӣ, нусхаи хаттии шумораи 3963 аз Китобхонаи Аёсӯфия.

5.        Девони Камоли Хуҷандӣ, нусхаи хаттии шумораи 3962 аз Китобхонаи Аёсӯфия.

Шайх Камоли Хуҷандӣ. Девон (матни илмӣ-интиқодӣ)/Муқаддима, тасҳеҳ ва таълиқоти Фахриддин Насриддинов.- Ҷ.1.- Хуҷанд: Ношир, 2020. – 716 саҳ

Таърихи нашр

Понедельник, 12 Сентябрь 2022