Мақола ба омӯзиш ва таҳлили ҳаёти иқтисодии Ѓуриён бахшида шудааст. Ҳангоми таълифи мақола муаллиф ба сарчашмаҳои муҳим чун «Табакоти Носирӣ»-и Минҳоҷ Сироҷи Ҷузҷонӣ ва «Китоб-ал-хироҷ»-и Абӯюсуф Яқуб Иброҳим ал-Куфӣ ва ғ. такя намудааст. Дар мақола қайд мешавад, ки масъалаи ҷорӣ гардидани муносибатҳои феодалӣ дар Ѓур то ин ҷониб байни муаррихон яке аз масъалаҳои баҳснок ба шумор рафта, доир ба масъалаи мазкур муаллиф якчанд маълумоти муаррихонро овардааст. Инчунин муаллиф роҷеъ ба шаклҳои заминдории феодалӣ ва андозҳои асосӣ чун закот, ушр, хироҷ, ҷизя, хумс ва ғ. маълумот додааст. Хоҷагии қишлоқ аз иқлими минтақа вобастагӣ дошт. Дар хулоса ишора мешавад, ки рушди ҳаёти сиёсӣ ва маданӣ бо инкишофи ҳаёти иқтисодии давлат вобастагӣ дорад. Васеъшавии ҳудуди давлат низ ба инкишофи ҳаёти иқтисодӣ сабаб гардид. Зеро, баъди ишғоли Хуросон ва Ҳиндустони Шимолӣ аз ҷониби ғуриён ба ҳудуди давлат роҳҳои муҳими тиҷоратӣ дохил гардид, ки ин омил низ ба тараққиёти давлат сабаб гардиданд.
Калидвожаҳо: Ғуриён, сарчашмаҳои таърихӣ, муносибатҳои иқтисодӣ, хоҷагии қишлоқ, андозҳо, шаклҳои заминдории феодалӣ
1. Абу Йусуф Йакуб Ибрахим аль-Куфи. Китаб-аль-Харадж (мусульманское налогообложение). /Перевод с арабского и комментарии А.Э. Шмидта.- Санкт-Петербург, 2001.- 415 с.
2. Агаджанов С.Г. Государство Сельджукидов и Средняя Азия в XI-XII вв. – Москва: Наука, 1991. - 303 с.
3. Бертелс В. Носири Хусрав ва исмоилиён /Тарҷумаи Ҳусайни Оринпур. – Теҳрон 1343 ш. (1965).
4. Ғавсуддин Мустаманди Ғурӣ. Таърихи мухтасари Ғуриён/ Мустаманди Ғурӣ. – Ҳирот, 1367 ш. (2008). – 266 с.
5. Ѓафуров Б.Ѓ. Тоҷикон, таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна. – Душанбе: Дониш, 2008. - 704 с.
6. Ѓубор Мир Ѓулом Муҳаммад. Афѓонистон дар масири таърих. – Кобул, 1387 ҳ. (1967). – 412 с.
7. История таджикского народа. Том III (Период развития феодального общества). – Душанбе: Дониш, 2013. – 580 с.
8. Қазвинӣ Ҳамдулло Муставфӣ. Таърихи гузида /Бо тасҳеҳи Абулҳасани Навобӣ.– Теҳрон, 1362 ш. (1983).-640 с.
9. Массон В.М., Ромодин В.А. История Афганистана (в двух томах). Т.1/ Массон В.М., Ромодин В.А.– Москва: Наука, 1964. – 529 с.
10. Неъматов Н., Амиршоҳӣ Н., Пирумшоев., Мирбобоев А. Таърихи халқи тоҷик/ Неъматов Н., Амиршоҳӣ Н., Пирумшоев., Мирбобоев А. – Душанбе, 2008. – 814 с.
11. Петрушевский И.П. Земледелие и аграрные отношения в Иране XIII-XIV веков./ И.П. Петрушевский. – Москва; Ленинград, 1960.- 492 с.
12. Пигулевская Н.В. и др. История Ирана с древнейших времен до конца XVIII века./ Пигулевская Н.В., Якубовский А.Ю., Петрушевский И.П., Строева Л.В., Беленицкий. – Ленинград, 1958. – 386 с.
13. Сиёсат-наме. Книга о правлении визиря XI столетия Низам аль-мулька /Перевод, введение, изучение памятника и примечания профессора Б.Н. Заходера. Издание Академии наук СССР. – Москва; Ленинград, 1949. – 379 с.
14. Сиистонӣ Муҳаммад Аъзам. Низоми бахрабардарӣ аз замин дар Афѓонистани қурунӣ. – Кобул,1362 ҳ.ш. (1983). – 301 с.
15. Тревер К.В. и др. История народов Узбекистана. Т.1. С древнейших времён до начала XVI века/ Тревер К.В., Якубовский А.Ю., Воронец М.Э. – Ташкент: АН УзССР, 1950. – 474 с.
16. Турсунов Назирҷон. Таърихи халқи тоҷик. Аз аҳди бостон то инқилоби соли 1917. Нашри дуввуми такмилёфта /Турсунов Назирҷон. – Хуҷанд: Ношир, 2017. – 656 с.
17. Фурӯғӣ Асғар. Таърихи Ғуриён./ Фурӯғӣ Асғар.–Теҳрон, 1387 ш. (2008). – 118 с.
18. Хайдари М.А. Политическое устройство, социально-экономические отношения и культура государства Гуридов.: дис. … канд. истор. Наук /07.00.02. – Отечественная история/ Хайдари Мохамед Абед. – Душанбе, 2013. – 178 с.
19. Ҳабибӣ Абдулҳай. Торихи Афғонистон баъд аз ислом/ Абдулҳай Ҳабибӣ. – Теҳрон: Дунёи китоб, 1367 ҳ.ш. (1988). – 1058 с.
20. Ҷузҷонӣ Минҳоҷ Сироҷ. Табақоти Носирӣ. Иборат аз 2 ҷ. Ҷ.1. /Ба чоп омодакунанда Абдулҳай Ҳабибӣ / Ҷузҷонӣ Минҳоҷ Сироҷ. –Кобул, 1363 ҳ. (1984). – 501 с.