Мақола ба шарҳи маъноҳои грамматикии ҳиссаҳои номустақили нутқ (дар доираи пешояндҳо, пайвандакҳо ва ҳиссачаҳо), ки ба вазифаи якдигар дар яке аз асарҳои ахлоқии асри ХIII, ки бо номи «Гулистон» машҳураст, рабт дорад. Таъкид гардидааст, ки то ин дам ба масъалаи мазкур ба ҷуз қайдҳои ҷудогона, ки танҳо дар луғатномаҳо мушоҳида мегардад, тадқиқоти густарда сурат нагирифтааст. Соҳиби мақола бо такя ба маводи фактологии мутааддид васеъшавии вазифаҳои ҳиссаҳои номустақили нутқ, аз ҷумла пешояндҳо («дар» ба вазифаи «ба сўи», «барои» ба вазифаи «ба сабаби»), пасояндҳо («-ро» ба вазифаи пешоянди «аз»), пайвандакҳо («аммо» ба вазифаи пайвандаки «лекин», «ҳам» ба вазифаи «низ»), ҳиссачаҳо («магар» ба вазифаи ҳиссачаи «оё») ва пайвандаки «балки»-ро ба риштаи таҳқиқ кашидааст.
ҳиссаҳои номустақили нутқ, пешоянд, хелҳои пешоянд, пасоянд, пасоянди -ро, пайвандак, ҳиссача, «Гулистон»-и Саъдӣ
1. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.Ҷилди 1. – Душанбе: Дониш, 1985 – 356 с.
2. Деҳхудо А. Луғатнома/А.Деҳхудо. Ҷилдҳои 1 – 50. – Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1328.
3. Қўрғонов З. Унсурҳои ёвари сервазифа дар «Луғатнома» - и Деҳхудо//Камоли одамӣ. – Хуҷанд, 2016. – С.260 - 274.
4. Муин М. Фарҳанги форсӣ/М.Муин. Ҷ.1. – Теҳрон: Чопхонаи сипеҳр, 1371. – 1472 с.
5. Фардинпур Н. «Магар» дар ғазалиёти Ҳофиз//Кайҳони фарҳангӣ. – Теҳрон, 1382. - №202.- С.68 – 70.
6. Фарҳанги забони тоҷикӣ.Ҷ.1.–М.:Советская энсиклопедия, 1969.–951 с.
7. Фарҳанги забони тоҷикӣ.Ҷ.2.–М.:Советская энсиклопедия, 1969.–947 с.
8. Ҳасанов А. Унсурҳои ёвари сервазифа дар осори Абдурраҳмони Ҷомӣ//Маводи ҳамоиши байналмилалии «Ҷойгоҳи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар муколамаи фарҳангҳо (Хуҷанд, 3 – 4 ноябри соли 2014)». – Хуҷанд: Нури маърифат, 2014. – С.460 – 473.
9. Ҳошимов С. Хусусиятҳои лексикии «Гулистон» - и Саъдии Шерозӣ. Рисола барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ.–Душанбе, 1972.–215 с.
10. Ҳошимов С. Баъзе хусусиятҳои синонимҳо дар «Гулистон» - и Саъдии Шерозӣ // Масъалаҳои филологияи тоҷик.–Душанбе: УДТ, 1971.- С. 19–27.
11. Шерозӣ С. Гулистон/С.Шерозӣ. (Бар асоси тасҳеҳ ва табъи шодравон Муҳаммадалии Фурўғӣ (бо маънии вожаҳо ва шарҳи ҷумлаҳову байтҳои душвор). Мураттиб ва баргардони матн Обиди Шакурзода. – Душанбе, 2009. – 345 с.
12. Шерозӣ С. Гулистон/С.Шерозӣ. Тартибдиҳандаи матн Саҳобиддин Сиддиқов.- Душанбе, 1986. – 134 с.