Дар мақола яке аз таълифоти арзишманди улуми адабӣ - рисолаи "Адаб ва иншо"-и Абӯнаср Мубашшир Тирозӣ (1896-1977) муаррифӣ гардидааст. Таъкид шудааст, ки як қисми адабиёти асри ХХ, ки ба сурати хаттӣ бозмондааст ва ба қалами донишмандони Осиёи Миёнаи бо ин ё он сабаб тарки ватанкарда, ки таълифоташонро ба забони тоҷикӣ навиштаанд, мансуб аст, аз мадди назари муҳаққиқон берун мондааст. Роҷеъ ба ҳаёт ва мероси адабии Мубашшири Тирозӣ, ки чанд муддат мудирии «Маркази таълиф ва тарҷума» (Кобул, Афғонистон)-ро ба зимма доштааст ва муассиси маҷаллаҳои «Савти Туркистон» ва «Туркистон» (Миср) буда, асарҳояш дар мамлакатҳои гуногун мукарраран ба чоп расидаанд ва болои онҳо чандин рисолаи магистриву докторӣ ба қалам омадааст, маълумот дода шудааст. Таркибу мундариҷа, сабки таълиф ва шеваи баён, аҳамияти амалӣ ва назарии рисола мавриди тадқиқ қарор гирифтааст.
рисолаи «Адаб ва иншо»-и Мубашшир Тирозӣ, мероси мактуб, фанни иншо, ҳаёт ва эҷодиёти Мубашшири Тирозӣ, сабкшиносӣ
1. Абӯнаср Мубашшири Тирозӣ. Адаб ва иншо.-Қоҳира, чопи офсет аз рӯи нусхаи хаттии муаллиф, 1411.
2. Аллома дуктур Насруллоҳ Тирозӣ (Маҷмӯаи мақолот).-Қоҳира:Маркази луғот ва тарҷумаи Донишгоҳи Қоҳира, 2016.
3. Аҳмад Мунзавӣ. Феҳриствораи китобҳои форсӣ.-Теҳрон: Маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1382, дар 9 ҷилд.
4. Ибни Қутайбаи Динаварӣ. Адаб-ул-котиб.-Бейрут:ар-Рисола, 1420.
5. Сайид Муборак Насруллоҳ Мубашшир Тирозӣ. ал-Усрат-ут-тирозия фӣ Миср.-Қоҳира:Мактабат-ул-одоб, 2016.
6. Ҳоҷӣ Халифа. Кашф-уз-зунун.-Бейрут:Дор-ул-кутуб ал-илмийя, 2008, дар 3 ҷилд.