Мақолаи мазкур ба вежагиҳои матни интиқодӣ-илмии асари Муҳаммадшариф ибни Шоҳбадал ибни Маликшоҳ – асари муҳими таърихии нимаи аввали а.XIX “Маноқиби Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ” ва мақоми он дар матншиносии муосири тоҷикӣ бахшида шудааст. Матни илмӣ-интиқодии ин ёдгории пурарзиш дар асоси муқоисаву муқобалаи панҷ нусхаи дастнавис муттако бар нусхаи комилтару қадимтар бо истифодаи усулҳову дарёфтҳои нави илмии матншиносии муосири тоҷикӣ таҳия гардидааст. Муаллиф бо овардани далелҳо хулоса мекунад, ки ин асар барои таҳқиқи минбаъдаи жанри маноқиб, ки дар адабиёти асримиёнагии форсӣ-тоҷикӣ аз жанрҳои маъмул буду имрӯз дар бораи он бо сабабҳои гуногун иттилои зиёд надорем, бисёр муҳим аст. Гузашта аз ин, асар дар таҳқиқи топография ва топонимикаи Хуҷанди қуруни вусто мусоидати зиёд намуда, дар матншиносии амалии имрӯза падидаи тоза мебошад.
матншиносӣ, маноқиб, матни илмӣ-интиқодӣ, дастхат, “Маноқиби Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ”, топография ва топонимикаи Хуҷанди қуруни вусто
1. ал-Фирузободӣ. ал-Қомус ал-Муҳит, ҷ.1. - Байрут: Дор эҳё ат-турос ал-арабийи, 2000.
2. Ҷуброн Масъуд. ар-Роид. - Байрут: Дор ал-илми ли-л-малойин, 1967.
3. Муҳаммад Ғиёсуддин. Ғиёс-ул-луғот, ҷ.2. - Душанбе: Адиб, 1988.
4. Фарҳанги забони тоҷикӣ, ҷ.1. - М.: Советская энсиклопедия, 1969.
5. Ибни Ҳаҷар. Маноқиби Имоми Аъзам. Муқаддима, таҳия, таҳшия, таълиқот ва луғоти Н. Ғиёсов. - Хуҷанд: Ношир, 2011.
6. Муҳаммадшариф ибни Шоҳбадал. Маноқиби Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ. Муқаддима, тасҳеҳва таълиқоту феҳрастҳо аз С. Умаров. - Хуҷанд: Ношир, 2015.
7. ал-Афлокӣал-Орифӣ, Шамсуддин. Маноқиб-ул-орифин. Дар ду ҷилд. Ба кӯшиши Таҳсин Ёзиҷӣ. – Теҳрон: Дунёи китоб, 1375 ҳ.