0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Заметки по словообразованию «Модарнома» устода Лоика (на материале сложных слов)

Муаллиф (он)

Олимҷонов Мӯсо Обидович

Чакидаи мақола

 

Доир ба эҷодиёти Лоиқ Шералӣ корҳои зиёде ба анҷом расидааст, вале забони осори шоир кам мавриди омӯзиш қарор гирифтааст, махсусан хусусиятҳои сарфиву наҳвии назми шоир. Мақола ба калимасозиҳои «Модарнома»-и устод Лоиқ Шералӣ ихтисос дошта, дар заминаи маводи калимаҳои мураккаб таълиф шудааст. Муаллифи мақола дар заминаи маводи гирдоварда калимаҳои мураккаби «Модарнома»-и Лоиқро ба чаҳор даста ҷудо менамояд: 1) калимаҳои мураккабе, ки аз забони зиндаи халқ ба силсилаи шеърҳо ворид шудаанд; 2) калимаҳои мураккаби маъмули хазинаи луғавии забони тоҷикӣ; 3) нодиртарин калимаҳои забони адабиёти классикӣ, ки шоир зиндаву эҳё намудааст; 4) калимаҳои мураккаби навсохти Лоиқ. Калимаҳои навсохти шоирро муаллиф ба се даста ҷудо мекунад: мураккаби пайваст, мураккаби тобеъ ва омехта. Илова бар ин, муқаррар шудааст, ки калимаҳои мураккаб дар дохили матн хусусияти ҳаммаъноӣ (синонимӣ), мутазодӣ (антонимӣ) ва ҳамгунӣ (омонимӣ) зоҳир намудаанд.

 

Калидвожаҳо

Лоиқ, «Модарнома», калимасозӣ, калимаҳои мураккаб, калимаҳои мураккаби пайваст, калимахои мураккаби тобеъ, калимаҳои омехта

Пайнавишт

1.    Айнӣ С. Куллиёт. Ҷ.12. /С.Айнӣ. -Душанбе: Ирфон, 1976. -563с.

2.    Акбаров Ю. Ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ва ахлоқӣ. /Ю.Акбаров. -Душанбе: Адиб, 1990. -239с.

3.    Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Ҷилди 1. Фонетика ва морфология. -Душанбе: Дониш, 1985. -356с.

4.    Деҳхудо. А. Фарҳанги мутавассити Деҳхудо. Дар ду муҷаллад. (зери назари дуктур С.Шаҳидӣ). / А.Деххудо. -Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи Донишгоҳи Теҳрон, 1385. Ҷ.1-2. -3224 с.

5.    Лоиқ. Модарнома / Аввалу охири ишқ. / Лоиқ.-Душанбе: Маркази фарҳангии арабӣ, 1994. -С.44-86.

6.    Маҳмудов М., Бердиев Б. Луғати мухтасари лаҳҷаҳои Бухоро. / М.Маҳмудов, Б.Бердиев -Душанбе: Дониш, 1989. -280с.

7.    Мирзоюнус М. Асрори нубуғ / Адабиёти миллӣ ва муколамаи фарҳангҳо. -Хуҷанд: Ношир, 2015. -С.223-230.

8.    Муин М. Фарҳанги форсӣ. Дар шаш муҷаллад. / М.Муин - Теҳрон: Амири Кабир, 1375. Ҷ.1-4. -5275с.; Ҷ.5-6. -2351с.

9.    Рустамов Ш. Исм. / Ш.Рустамов. -Душанбе: Дониш, 1981.-220 с.

10.              Рустамов Ш. Ҳусни каломи Лоиқ / Забон ва замон. -Душанбе: Ирфон, 1981. -С.210-235.

11.              Рустамов Ш. Каломи Лоиқ. / Ш.Рустамов. -Душанбе: Деваштич, 2003.

12.              Фарзона. Дарёи сӯзон. / Фарзона. -Душанбе: Адиб, 2014. -240с.

13.              Фарҳанги забони тоҷикӣ (аз асри Х то ибтидои асри ХХ). Дар 2 ҷилд (дар зери таҳрири М.Ш.Шукуров, В.А.Капранов, Р.Ҳошим, Н.А.Маъсумӣ). -М.: Советская энциклопедия, 1969. Ҷ.1. -951с.; Ҷ.2.-949с.

14. Ҳакимов А. Даҳ сол дар чаҳор нигоҳ / Дар қаламрави сухан. -Душанбе: 1982. -С.149-191.

Таърихи нашр

Вторник, 20 Ноябрь 2018