Мақолаи мазкур ба шинохти муҳокот ҳамчун масоили мубрами илми адабиёт-шиносии асримиёнагии тоҷик дар мисоли назариёти адабию эстетикии донишманди бузурги илму адаби тоҷик дар асри XIII Хоҷа Насириддини Тўсӣ бахшида шудааст. Муаллиф ба хулоса меояд, ки Хоҷа Насириддини Тўсӣ нахустин донишманде мебошад, ки ба муҳокот ба сифати истилоҳи илмӣ муроҷиат намуда, ба он таърифи мухтасар ва мушаххас додааст, ки минбаъд мавриди эътибори аҳли мантиқ ва адаб қарор дода шудааст. Хоҷа Насириддини Тўсӣ дар мавриди шинохти муҳокот ва вижагиҳои он аз Арасту ва пайравони ў – Ибни Сино ва Форобӣ ном набарад ҳам, дар рафти тадқиқот маълум мегардад, ки ў дар таҳқиқи ин масъала аз доираи таълимоти мантиқиён берун нарафтааст. Ў муҳокотро чун мантиқиён дар доираи илми шеър маҳдуд накарда, бал¬ки онро дар тамоми соҳаи эҷод, чун рассомӣ, шоирӣ ва носирӣ ҳам баррасӣӣ менамояд ва ба хулосае меояд, ки ашё ё ҳодисаҳои тасвиршаванда ба асли худ як хел намебошанд.
Насируддини Тўсӣ, Арасту, Ибн Сино, муҳокот, шеър, илм, мантиқ
1. Ал-Форобӣ. Рисолат фӣ қавонини саноат-уш шеърӣ / Ал- Форобӣ.- Рома, 1937. – 65 с.
2. Зарринкўб, Абдулҳусайн. Шеъри бедурўғ, шеъри бениқоб. – Теҳрон: Интишороти байналмилалии ал-Ҳудо, 1372. – 588 с.
3. Кадканӣ, Муҳаммад Ризо Шафеъӣ. Сувари хиёл дар шеъри форсӣ. – Теҳрон, 1308. – 682 с.
4. Мусулмониён, Раҳим. Шеър дар сарчашмаҳои назарӣ. – Теҳрон, 1377. – 256 с.
5. Тўсӣ, Хоҷа Насируддин Абўҷаъфар Мухаммад ибн Ҳасан. Асос-ул-иқтибос. – Тасхеҳи Азизуллои Ализода. – Теҳрон: Фирдавс, 1389. – 559 с.
6. Сатторзода, А. Кўҳна ва нав / Сатторзода, А. – Душанбе: Адиб, 2004. – 253 с.
7. Шеър ва шоирӣ дар осори Хоҷа Насируддини Тўсӣ. – Ба инзимоми маҷмўат ашъори форсӣ Хоҷа Насир ва матни комили «Меъёр-ул-ашъор». – Теҳрон, 1370. – 422 с.
8. Шиблии Нўъмонии Ҳиндӣ. Шеър-ул-аҷам. Тарҷумаи Саъид Муҳаммад Тақӣ Фахри Доии Гелонӣ. Чопи дувум, ҷ.1-4. – Теҳрон, 1325.