0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Воситаҳои лексикию грамматикии ташкили матни навъи «Толеънома» (дар маводи забонҳои немисӣ ва тоҷикӣ)

Муаллиф (он)

Шокирова Зебоҷон Тухтабоевна

Чакидаи мақола

Таҳлили нақши воситаҳои лексикию грамматикӣ дар ташкили матни «толеънома» амалӣ гардидааст, таърифи мафҳуми «навъи матн» пешниҳод шудааст. Дар натиҷаи омўзиши корҳои  илмии олимони шўравӣ ва забоншиносони хориҷӣ оид ба мавзўи мавриди баҳс муаллиф ба хулосае расидааст, ки ба тадқиқи матни толеънома то ҳол диққати ҷиддӣ дода нашудааст ва он таҳқиқи нисбатан аниқу дақиқро тақозо менамояд. Изҳори  ақида шудааст, ки толеънома ба навъи матнҳои ғайрибадеӣ дохил мешавад, ки дар ин бобат, мушаххасоти забонӣ ва вижагиҳои матнии типи мазкур шаҳодат медиҳанд. Дар асоси тадқиқи матни як қатор толеъномаҳо яклухтии семантикӣ, коммуникативӣ ва сохторӣ ошкор карда шудаанд. Дар мақола таҳлили нақши восита¬ҳои лексикию грамматикии забонҳои немисӣ ва тоҷикӣ, ки дар сохторбандии ин навъи  матн фаъолона иштирок мекунанд, ҷои марказиро ишғол мекунад. Ҷои воситаҳои  морфоло¬гию синтаксисӣ дар ташкили мўҳтавои умумию вазифаҳои коммуникативию  праг¬матикии  ин навъи матнҳо муайян карда шудааст.

Калидвожаҳо

толеънома, намуди матн, томияти матн, воситаҳои лексикӣ-грамматикӣ, мушаххасоти забонӣ

Пайнавишт

1.                  Гальперин И. Р. Текст как объект лингвистического исследования. - М.: Просвещение, 1981. – 180 с.

2.                  Гаузенблас К. О характеристике и классификации речевых произведений / В кн.: «Новое в зарубежной лингвистике. Выпуск 8». - М.: Прогресс, 1978. – 479 с.

3.                  Домашнев А., Шишкина И., Гончарова Е. Интерпретация художественного текста. - М.: Просвещение, 1984. – 190 с.

4.                  Москальская О. И. Грамматика текста. - М.: Высшая школа, 1981. -183 с.

5.                  Пфютце М. Грамматика и лингвистика текста /В кн.:  «Новое в зарубежной лингвистике. Выпуск 8». - М.: Прогресс, 1978. – 479 с.

Таърихи нашр

Суббота, 08 Сентябрь 2018