0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Баррасии хусусиятҳои ашъори бонувони суханвари ҳавзаи адабии Хуҷанд дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX

Муаллиф (он)

Ҳомидова Шамсия Мирзорустамовна

Чакидаи мақола

Дар мақола кӯшиш ба харҷ рафтааст, ки саҳми бонувони суханвари ҳавзаи адабии Хуҷанд дар инкишофи адабиёти нимаи дувуми асри нуздаҳ то аввали асри бист мавриди пажӯҳиш қарор дода шавад. Таъкид гардидааст, ки дар ин давра дар Хуҷанд дар умум 6 нафар шоира зиндагӣ ва эҷод намудаанд, ки 3  нафарашон аз як хонавода буда, асосан дар шеваи мактаби пайравони Бедил ашъор сурудаанд. Ҳамчунин дар эҷодиёти бонувони суханвари ҳавзаи адабии Хуҷанд дар охири асри XIX  ва ибтидои асри XX гароиш ба намояндагони сабқи ироқӣ чун  Ҳофизи Шерозиву Абдурраҳмони Ҷомӣ ва ғайраҳо дида мешавад. Дар эҷодиёти бонувони суханвар мавзӯъҳои шикоят аз тақдири мушкили зан, тавсифи аҳли меҳнат, танқиди беадолатиҳои замона, риёкории шайхон ва ғайра бартарӣ доранд. Баъзе аз  шоираҳои мазкур ба ду забон- тоҷикӣ ва туркӣ  шеър гуфтаанд

Калидвожаҳо

таърихи адабиёти тоҷик дар асриXIX ва ибтидои асри XX,бонувони суханвар, ҳавзаи адабии Хуҷанд,сабки ҳиндӣ, ғазал, Қамбархони Хуҷандӣ, Бифазилати Хуҷандӣ

Пайнавишт

1.    Армуғони Саббоқ. Гирдоварда Шайх Абдулқодири Кароматуллоҳи Саббоқ. Мадинаи мунаввара , 1410 ҳ.қ. –С. 179.

2.    Насриддин, А. Тазкираи шуарои Хуҷанд / А. Насриддин.-Хуҷанд: Ношир, 2015.- 510с.

3.    Раҳмон, Э. Чеҳраҳои мондагор./ Э. Раҳмон. –Душанбе: Эр-граф, 2016.-С.275 – 278.

4.    Тазкираи Сибоқ. Баргаронандаи матн аз хати форсӣ ба кирилӣ Маъруф Отахонзода. Ӯзбекистон: Фан, 2007.- С.149- 152. 

5.    Усмон, Т. Бисту се адиба/ Т. Усмон. –Сталинобод, 1957.- 126с.

6.    Ӯрунова, М. Бонувони суханвари Хуҷанд. Хваканта-Хуҷанд. (Маҷмӯи мақолаҳо), муҳаррири масъул Ҷӯразода Ҷамшед/ М. Ӯрунова. –Хуҷанд: Ношир, 2016.-С.327- 337.

7.    Шодиев, Э. Шоираҳои тоинқилоби Хуҷанд/ Э. Шодиев. –Хуҷанд: Ирфон, 1986. – 62 с. 

8.    Шодиев, Э. Тазкираи шоирони Хуҷанд/ Э. Шодиев.- Хуҷанд: нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил, 1996. –151 с.

Таърихи нашр

Вторник, 20 Ноябрь 2018