5.0/5 овоз (1 овозҳо)

«Бадоеъ-ул-афкор»-и Кошифӣ ва рушди назариёти адабӣ дар садаи XV

Муаллиф (он)

Юсуфов Умриддин

Чакидаи мақола

Мақола ба омӯзиш ва баррасии яке аз рисолаҳои асри 15 оид ба илми бадеъ (санъатҳои бадеӣ), ки “Бадоеъ-ул-афкор фӣ саноеъ-ил-ашъор” ном дошта, ба қалами Ҳусайн Воизи Кошифӣ тааллуқ дорад, бахшида шудааст. Ба ошкор сохтани навовариҳои рисолаи Ҳусайни Воизи Кошифӣ аз дигар рисолаҳои поэтикаи танзимии (нормативии)  форсӣ-тоҷикӣ диққати махсус дода шудааст. Аз ҷумла таъкид шудааст, ки  Ҳусайн Воиз шарҳи истилоҳоти асосии низоми шеършиносиро  бар хилофи муаллифони пешгузашта аз қисми охир ба қисми  муқаддимавӣ интиқол додааст. Сабт гардидааст, ки дар аксар  маворид Кошифӣ намуна ва шоҳидҳои шеъриро барои орояҳо  аз “Ҳадоиқ-ус-сеҳр”-и Ватвот  (1080-1177), “ал-Мӯъҷам”-и Қайси Розӣ (солҳои таъ­лиф 1218-1233). “Эъзози Хусравӣ”-и Амир Хусрави Деҳлавӣ (асрҳои ХIII-ХIV) ахз кардааст Мулоҳизаи мазкур дар мисоли санъати тарсеъ мудаллал гардидааст. Таҳлили сохтор ва мӯҳтавои рисола сурат гирифтааст, аҳамияти назариявии муқаддимаи китоби Кошифӣ дар таърихи афкори адабии адабиёти тоҷикию форсӣ махсус зикр шудааст. 

Калидвожаҳо

Ҳусайн Воизи Кошифӣ Бадоеъу-л-афкор, назмшиносӣ, санъатҳои бадеӣ, тарсеъ, сеҳри ҳалол, илми балоғат

Пайнавишт

1.    Афсаҳзод А. Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи дувуми асри XV. -Душанбе: Дониш, 1987. - 264 с.

2.    Аҳмадов М. Ҳаёт ва мероси илмию адабии Ҳусайн Воизи Кошифӣ. //Чанд мулоҳизаи адабӣ//Маҷмӯаи илмӣ. –Душанбе. 1973. -40 с.

3.    Ватвот Рашидуддин. Ҳадоиқу-с-сеҳр фӣ дақоиқи-ш-шеър. Перевод с персидского, исследование и комментарий Н. Ю. Чалисовой. –Москва:Наука, 1985. -324 с.

4.    Каззозӣ М. Дебоча.  Камолуддин Ҳусайн Воизи Сабзаворӣ. Бадоеъу-л-афкор фӣ саноеъи-л-ашъор. Вироста ва гузоридаи Мирҷалолуддини Каззозӣ.-Теҳрон: Нашри марказ. 1369. Сс. 1-64.

5.     Кошифӣ Камолуддин Ҳусайн Воиз. Бадоеъу-л-афкор фӣ саноеъи-л-ашъор. Бо муқаддима ва саъй ва феҳристҳои Р. Мусулмонқулов. –Москва: Наука. 1977. -236 с.

6.     Кошифӣ. Камолуддин Ҳусайн Воизи Сабзаворӣ. Бадоеъу-л-афкор фӣ саноеъи-л-ашъор. Вироста ва гузордаи Мирҷалолуддини Каззозӣ.-Теҳрон: Нашри марказ. 1369.– 387 с.

7.     Мусулмонқулов Р. Персидско-таджикская классическая поэтика X-XV. –М.: Наука. Главная редакция восточной  литературы, 1989. -240 с.

8.     Мусулмонкулов  Р. Атауллах-и Махмуд-и Хусайни и вопросы таджикско-персидской классической поэтики. АДД. -Душанбе, 1980, - 40 с.

9.     Мусулмонқулов Р. Дар бораи сохт ва мундариҷаи “Бадоеъ-ул-афкор фӣ саноеъ-ил-ашъор”-и Кошифӣ. Ахбороти АИ Тоҷ. ССР. Шуъбаи умумии ҷамъиятшиносӣ. №3 (73), 1973. 56-63 сс.

10.    Нуъмонӣ Шиблӣ, Шеъру-л-аҷам. Тарҷумаи форсии Саидмуҳаммад Тақии Фахр Доии Гелонӣ. Таҳияи А. Набавӣ. –Душанбе: ДДОТ. 2016. Ҷилди 1 ва 2. -544 с.

11.    Райснер М. Л. Восточная поэтика: Тексты. Исследования. Комментарии. –М.: Издательская фирма “Восточная литература” РАН, 1996. -342 с. [c. 258-290]

12.    Родуёнӣ Муҳаммад Умар. Тарҷумону-л-балоға. Ба тасҳеҳ ва эҳтимоми А. Оташ. –Теҳрон: Асотир. -290 с.

13.     Розӣ, Шамси Қайс. Ал-Муъҷам фӣ маъойири-л-ашъори-л-аҷам. Ба тасҳеҳи аллома Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоби Қазвинӣ, Мударрис Разавӣ ва Сирус Шамисо. –Теҳрон: Илм, 1388. -640 с.

14.     Саид Эҳсон Содиқ. Улуму-л-балоға инда-л-араб ва-л-фурс.–Димашқ: ал-Мусташорияту-с-сақофия ал-ирония фӣ Димашқ. 1421 ҳ./2000 м. -365.

15.    Сатторзода А. Такмилаи бадеъи форсии тоҷикӣ (дар заминаи навиштаҳои пешиниён ва имрӯзиён). –Душанбе:Адиб, 2011. -380 с.

16.     Сафо Забеҳуллоҳ. Таърихи адабиёти Эрон. ҷ. 3. -Теҳрон:Фирдавс, 1379, -с. 256.

17.    Тоиров У. Сарсухан. Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Бадоеъ-ул-афкор. –Душанбе: Ҳумо. С 3-40

18.    Тоҷ-ал-Ҳаловӣ Алӣ ибни Муҳаммад.Ба тасҳеҳ ва бо ҳавошӣ ва ёддоштҳои Саидмуҳаммад Козим Имом. –Теҳрон, 1341. -136 с.

19.     Хондамир Ғиёсиддин. Ҳабибу-с-сияр.-Теҳрон: Хайём. 1362. Ҷ. 3. -716 с.

20.      Ҳидоят Ризоқулихон. Мадориҷу-л-балоға.-Теҳрон: Фарҳангистони забон ва адаби порсӣ. 1383. -186 с.

21.     Ҳусайнӣ Атоуллоҳ Маҳмуд. Бадоеъ-ус-саноеъ. -Душанбе: Ирфон, 1974. -224 с.

22. Шамисо Сирус. Нигоҳе тоза ба бадеъ. –Теҳрон: Митро. Вирости 3. 1383. -208 с. 

Таърихи нашр

Вторник, 20 Ноябрь 2018