0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Аз таърихи бунёд ва навсозии Қасри Арбоб

Муаллиф (он)

Исомитдинов Ҷўрабек Бобобекович

Чакидаи мақола

Дар мақола аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб сухан рафта, маълумотҳо роҷеъ ба таърихи сохтмони ин қасри овозадор дар солҳои 50-уми қарни бистум, таъмиру тармим ва азнавсозии он дар ибтидои даҳаи дуюми қарни бистум гирд оварда шудаанд. Таъкид гаштааст, ки  Қасри Арбоб бо сайъу талоши раиси ҳамонвақтаи колхози «Москва»-ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров), ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Ўрунхоҷаев бунёд гаштааст. Дар бунёди қаср меъморону муҳандисон, ҳунармандони халқӣ, колхоз­чиён  иштирок кардаанд. Меъморон ҳангоми бунёди ин   иншоот ба хусусиятҳои  ба нақ­шагирӣ, масоҳату масофа, ороишот, ҷанбаҳои технологӣ, иқлимӣ, этникӣ, таърихӣ, эсте­ти­кии сохтмон эътибори ҷиддӣ додаанд. Дар мақола масъалаҳои таъмиру азнав­созии Қасри Арбоб дар арафи 20-солагии Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон баррасӣ шудаанд.

Калидвожаҳо

Қасри Арбоб, сохтмон, таъмиру тармим, азнавсозӣ, ҳунармандони халқӣ, меъморӣ, СаидхоҷаЎрунхоҷаев 

Пайнавишт

1.    В Таджикистане построили уникальную чайхану площадью 1,8 тыс. кв. метров //http: // www. kyrtag.kg/?q=ru/news/31691 (Санаи муроҷиат: 10.04.2018)

2.    Валиев Б.: Тайны "Арбоба". Как появился Дворец Дехкан посреди Таджикистана // http: //  www. centrasia. ru /newsA.php?st=1303305720 (Санаи муроҷиат: 10.04.2018)

3.    Қасри сулҳу ваҳдати миллӣ// Садои мардум. –16 ноябри соли 2017 -№134 -136 (3771-3773) .

4.    Ҷовиди Аштӣ. Қасри «Арбоб»- макони сарнавиштсоз// Ҷумҳурият.-23августи  соли 2012. -  №: 109.

5.    Миловский А.  Семь цветов над головой //Вокруг света. –июль, 1982. -№7(2502). –С.31-37.

6.    Мирраҳим М.: Қасри Арбоб ва сарнавишти талхи меъмори он// http://www. ozodagon. com/14035-mmirraim-asri-arbob-va-sarnavishti-talhi-memori-on.html. (Санаи муроҷиат: 15.03.2018)

7.    Саъдуллоев Т. Қасри Арбоб. Ошёне, ки Тоҷикистонро ба кишвари воҳид табдил дод // Ҷумҳурият.- 14 ноябри соли 2017 .-  №: 232.

8.    Турсунов Н.М., Исомитдинов Ҷ. Таърихи Унҷӣ ва ҷамоати он.-Хуҷанд: Ношир, 2014. –535 с.

Таърихи нашр

Пятница, 07 Сентябрь 2018