Сана асоситарин омили муайянкунандаи таърихи ҳуҷҷату аснод мебошад. Он дорои вежагиҳоест, ки риояашон ҳатмист. Яке аз муҳимтарин талаботи коргузорӣ аниқиву амиқии таҳияи ҳуҷҷат маҳсуб меёбад, ки бидуни нишон додани замони омодасозии он тасаввурнопазир аст.
То имрӯз дар коргузории ҷаҳонӣ сананигории ададӣ(05.12.2016) ва ҳуруфиву ададӣ(05-уми майи соли 2017-ум) маълум буд. Дар мавридҳои дигар усули ҳуруфии сананигорӣ низ мустаъмал аст. Бинобар он муаллиф тарзи сеюм, яъне сананигории ҳуруфиро низ пешниҳод менамояд(Панҷуми декабри соли ду ҳазору ҳабдаҳум). Маъмулан санаҳоро бо ададҳои арабӣ ва римӣ менависанд. Дар коргузорӣ бо ададҳои римӣ нишон додани санаро тавсия намедиҳанд. Дар мақола омадааст, ки вақтҳои охир истифодаи баръакси сананигорӣ хусусияти байналмилалӣ гирифта истодааст, ки дар он аввал сол, баъд моҳу рӯз сабт мегардад(2016-12-05). Ҳамаи усулу тарзи сананигорӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст.
ҳуҷҷат, сананигорӣ, таърих, моҳ, коргузорӣ, дафтардорӣ, меъёр, сабт
1.Басаков М. И., Замицкова О. И. Делопроизводство [Документационное обеспечение управления]. 15-е издание.-/ М. И. Басаков, О. И. Замицкова. -Ростов на Дону: Феникс, 2015.-376с.
2. ГОСТ Р 6.30.2003. Унифицированные системы документации. Унифицированная система организационно-распорядительной документации. Требования к оформлению документов.- М.: Изд-во стандартов, 2003.-346с.
3. Делопроизводство.- М.: ООО «ТК Велби», 2003.-221с.
4. Справочник секретаря –референта: практическое пособие.5-е изд. испр. и дополн. -Ростов на Дону: Феникс, 2008.-221с.
5. Фарҳанги забони тоҷикӣ, ҷ.2. -М.:ЭС,1969.-971с.
6. Ҷумҳурият, 15 ноябри 2016