0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Осори адабии қадима ҳамчун сарчашмаи омӯзиши таърихи фарҳанги таббоҳии халқи тоҷик

Муаллиф (он)

Шовалиева Мумина Садыковна

Чакидаи мақола

Дар омўзиши таърихи таоми тоҷикӣ, махсусан барқарор намудани усули таҳияи ин ё он хўрок сарчашмаҳои мактуби асримиёнагӣ аҳамияти калон доранд. Дар мақола хулосаҳои омўзиши ду сарчашмаи мактуб бо мақсади барқарор намудани усулҳои таҳияи таомҳои куҳану фаромўшшуда, нўшокиҳо ва шаробҳои ҳалқи тоҷик баён шудаанд: асари муаллифи асрҳои ХIV-ХV - Абўисҳоқи Атъима «Канз-ул-иштиҳо», ки шарҳи мухтасари онро академик А.Мирзоев дар китоби «Абуисҳоқ Атъима» овардааст ва «Кони лаззат ва хони неъмат»-и (асри ХIХ ) Қорӣ Раҳматуллои Возеҳ, ки тавсифи мухтасараш дар асари Т. Неъматзода омадааст. Аз ҷумла муаллифи мақола номи таомҳоро овардааст, ки онҳоро дар асрҳои ХIV-ХIХ тоҷикон истеъмол мекарданд, ҳамчунин хўрокҳои хоси табақаҳои мухталифи аҳолӣ зикр шудаанд. Таъкид шудааст, ки қариб тамоми таомҳо аз оғози асри ХIV то ба имрўз бо номҳои қадимиашон маҳфуз мондаанд.

Калидвожаҳо

таърихи таоми тоҷикӣ, фарҳанги ошпазӣ, осори асримиёнагӣ оид ба таббохӣ, «Канз-ул-иштиҳо»-и Абўисҳоқ Атъима, «Кони лаззат ва хони неъмат»-и Возеҳ, усулҳои таҳияи таоми тоҷикӣ 

Пайнавишт

1.    Мирзоев А.Абуисхок.- Душанбе: Дониш,1971.-147с.

2.    Неъмат-заде Т. Возех.- Душанбе: Дониш, 1967.– 227с.

3.    Абу Али ибн Сино / Авиценна/. Канон врачебной науки. Кн.1. - Ташкент: Фан, 1981. – 832с.

 4.    Абу Али ибн Сино. Трактат о гигиене / Избранные произведения. - Ташкент: Фан, 1982. 108с.- 4 л. илл.

Таърихи нашр

Четверг, 22 Июнь 2017