0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Тавсифи умумии низоми муҳофизати иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Доғистон дар солҳои 1990-ум

Муаллиф (он)

Шахбанов Ахмед Магомедкамилович

Чакидаи мақола

Солҳои 90-уми қарни ХХ бо ташаккули моделҳои инноватсионӣ дар низоми ҳимояи иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ба қишрҳои гуногуни аҳолӣ тавсиф карда мешавад. Дар муддати  кўтоҳи таърихӣ корҳои бузурге ба сомон расиданд, ки ҳадаф аз онҳо таъсиси намодҳои  сифатан нави ҳимояи иҷтимоӣ буд. Дар чорчўбаи  корҳои ҳуқуқӣ консепсияи расонидани ёрдами унвонӣ ва мушаххаси иҷтимоӣ ба табақаи  камбизиоти аҳолӣ қабул карда шуд. Аҳкоми консептуалии муҳофизати  модару падар ва кўдак дар заминаҳои нави фундаменталӣ коркард шуданд. Таҷрибаи амалии бадастомада тақозо мекунад, ки силсилаи тадбирҳо роҷеъ ба таҷдиди самтҳои асосии сиёсати  иҷтимоии давлат рўи кор  оварда  шавад. Фаъолияти мавзўъҳои баррасишаванда ба тавассути мавҷудияти маҷмўи калони масоили доғи  соҳаи иҷтимоӣ низ муқаррар мешавад ва зарурати созмон додани  механизми фаъоли ҳимояи иҷтимоии қишрҳои гуногун ҷомеаро тақозо менамояд. Дар мақола фаъолияти низоми муҳофизати  иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Доғистон дар солҳои 90-уми қарни ХХ баррасӣ мешавад. Дар заминаи шарҳу тафсири  самтҳои асосии фаъолияти корхона ва муассисаҳои хидматрасониҳои  иҷтимоӣ бори аввал кўшиши таҳқиқи механизмҳои муҳофизати  иҷтимоии қишрҳои гуногуни аҳолӣ ва хос ба таърихи навини ин минтақа карда шуд. 

Калидвожаҳо

муҳофизати иҷтимоии аҳолӣ, умур иҷтимоӣ, шаҳрвандони камбизиот, маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои серфарзанд, бачаҳои ятим

Пайнавишт

1.    Байгереев М. Бедность и политика социальной помощи малоимущим семьям. //Человек и труд. 2001. №1.- С.42-47.

2.    Гусейнова И. Социальная поддержка - самым неимущим. //Социальное обеспечение. 1999. №11.-С.12-15.

3.    Римашевская Н.М. Адресная социальная помощь: теория, практика, эксперимент. - М.: Институт социально-экономических проблем народонаселения. 1999.

4.    Справка  об организации устройства детей-сирот и детей, оставшихся без попечения родителей. /Министерство труда и социального развития Республики Дагестан. – Махачкала, 2005.

5.    Стратегия социально-экономического развития Республики Дагестан до 2020 г. // Дагестанская правда. 27 июня 2005 г.

 

6.    Эфендиев И. Приоритеты развития. //Дагестанская правда.  12 мая 1999 г. 

Таърихи нашр

Среда, 21 Июнь 2017