0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Баъзе ҷабҳаҳои таърихи cабти нотаи аввалини “Шашмақом” дар аcарҳои муҳаққиқон

Муаллиф (он)

Акрамова Санавбар Хайруллоевна

Чакидаи мақола

Муаллиф дар мақолаихудмавзӯитаҳқиқи аввалин cабти нотавии “Шашмақом”-родараcарҳоимуаррихон-cанъатшиноcондарсолҳои 20-умиасригузашта мавриди барраcӣ қарордодааcт. Муаллиф нақши мутахассисони рус – В.Успенский ва В. Беляевро дар сабти нотавии мусиқӣ аз даҳони навозандагони моҳири тоҷик қайд намудааст. Дар макола хусусият ва обуранги миллии тоҷикӣ доштани Шашмақом зикру таҳлил мешавад. Таъкид мешавад, ки аввалин сабти нотавии шашмақом (1924) ба ташаккули фарҳанги мусиқии халқи тоҷик нақши муҳим дошта, ба фарҳанги мусиқии халқҳои дигари Осиёи Миёна низ бетаъсир намондааст. Муаллиф дар мақола дар бораи таъсири муҳити сиёсӣ-иҷтимоии хамон давр, талаботу мақсадҳои идеологии чеҳраҳои мўътабар  дар кори сабту интишори мусиқии тоҷикӣ сухан меронад. Муаллиф кўшиш намудааст, ки таъсири муҳит ва шароити таърихиро дар аввалин сабти нотавии шашмаком бе матнҳои мақом нишон диҳад. Муаллиф дар мақола аҳамияти таърихӣ доштан ва таъсири анҷоми ин корро ба ташаккули фарҳанги мусиқии халқи тоҷик дар оянда низ хулоса мекунад. 

Калидвожаҳо

Тоҷикистон, асри ХХ, cабти нотавӣ, Шашмақом, нота,  муcиқӣ, cанъатшиноcон, мутахаccиcон, мунаққидон, фарҳанги мусиқӣ, халқи тоҷик, оҳанги тоҷикӣ

Пайнавишт

1.    Акрамова С.Х. История и историография музыкального искусства Таджикистана в первой половине ХХ века. – Душанбе: ТНУ, 2015. – С.4-6.

2.    Айни С. Шашмаком. В кн.: Айни ва мусики («Айни и музыка»). –Душанбе, 1978. –С.9-10.

3.    Айни С. Назаре ба гузаштаи санъати точик. («Взгляд на прошлое таджикского искусства») // Шарки Сурх («Красный Восток»). – 1941. №3(10).

4.    Наука и просвещение. –Ташкент, 1922. №2.

5.    Успенский В.А. Классическая музыка узбеков. / В кн.: Успенский В.А. Научное наследие. Воспоминания современников / Под ред. И. Акбарова. –Ташкент: Изд-во лит-ры и искусства, 1980. - 380 с.

6.    Пеккер Я.Б.  Виктор Александрович Успенский. –Ташкент: Гослитиздат УзССР, 1959. – 231 с.

7.    Уcпенcкий В.А. Клаccичеcкая музыка узбеков /Научное наcледие. Воcпоминания cовременников. Композиторcкое твор-во. Пиcьма /Cоcт. и авт. проф. И.А. Акбаров. - Ташкент, 1980; Он же. Ауджи тюрк и его роль в развитии народной пеcни Бухары: там же. - C. 39-46; Он же. Катта ашула: там же. - C. 48-51.

8.    Аминджонов Р.Н. К истории первой записи «Шашмакома»// Известия АН РТ.- № 2.- 2006. – С.161-166.

9. Джумаев А.Б. Абдурауф Фитрат и его современники на "музыкальном фронте" Узбекистана (20-30-е годы)//Центральная Азия и Кавказ.- №7, 8, 9.-1997.   http://www.ca-c.org/journal/07-1997/st_21_gumaev.shtml.

Таърихи нашр

Четверг, 06 Апрель 2017