Ҳодисаи нодири фарҳангӣ – ҷашни Наврўз - анъанаи зиндаи этникӣ-мадании мардумони эронии ҷаҳонро дар худ таҷассум менамояд. Фарҳанги ид дар асоси принсипҳое ташаккул ёфтааст, ки арзишҳои муҳками маънавии халқи тоҷикро ташкил медиҳанд. Мақолаи мазкур ақидаи муаллифро оиди он, ки Наврўз то замони ҳозира моҳияти тақаддусии хеши дар давоми асрҳо ташаккулёфтаро нигоҳ доштааст, ифода менамояд. Нерўи созандакорӣ ва баҳамоии одамон дар фарҳанги Наврўз мавқеи хоса касб намуда ва ин рамзу суннат то имрўз дар тамоми манотиқи Точикистон барҷост. Дар рўзҳои ҷашн мардум рамзу суннатхои дерини ниёконро аз нав эҳё намуда ва барои барқарорсозии он суннатхо арҷи хоса мегузоранд. Анъанаҳои Наврўз бо хусусиятҳои иҷтимоӣ-мадании ҷомеаи тоҷикон, ки арзишҳои универсалии худро бо мақсади гум накардани айниятҳои этникӣ-маданӣ нигоҳ доштанд, алоқаи зич доранд.
Наврўз, тоҷикон, ҷомеа, анъана, муқаддасот, силсила, баробаршавӣ, маънавиёт, маданият
1. Bakhtin M.M. The Creation of Fracoise Rablais and Folk Culture of Middle Ages and Renaissance. – M., 1990. – 543 pp. (in Russian)
2. Diba L.S. Invested with Life: Wall Painting and Imagery before Qajars.// Iranian studies. Qajar Art and Society. - V. 34, #1 - 4, 2001.