Мақола ба тадқиқи таърихи пайдоиши камонварӣ ҳамчун намуди варзиш дар Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар мақола рушди мусобиқаи камонварӣ дар таърихи халқи тоҷик ва истифодаи камон, яроқи ҷангӣ, воситаҳои дигари шикор ҳамчун намуди силоҳи варзиш таҳлил гардидааст. Ҳамчунин марҳилаҳои таърихи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар замони Ҷумҳурии Автономии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Шуравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон баён гардидааст. Дар ҳамин раванд дар мақола сабаби дертар пайдо шудани камонварӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиши миллии тоҷикӣ нишон дода шудааст. Пешрафту тараққиёти воситаҳои ҳарбӣ ҷои тиру камонро аз артиш танг карда баровард ва камонварӣ аҳамияти ҳарбӣ-амалии худро аз даст дод. Муаллиф таъкид мекунад, ки дар шароити дар иҳотаи душмании давлатҳои дигар қарор гирифтани хоқимияти шўравӣ дар ИҶШС, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳангоми омодагии ҷисмонии ҷавонон ба намудҳои дигари варзиш - аспсаворӣ, тирпарронӣ, гуштингирӣ, норинҷакпартоӣ, атлетикаи вазнин ахамияти бештар медоданд. Муаллифи мақола пешниҳод мекунад, ки аҳамият додан ба соҳаи камонварӣ дар шароити имрўзаи Тоҷикистон метавонад омили муҳими рушди варзиши тоҷик гардад. Ин фикри муаллифро дастовардҳои намоёни камонварони тоҷик дар солҳои 70-80-уми асри ХХ тасдиқ менамоянд. Муаллиф ба хулосае омадааст, ки камонварӣ мақоми муносибро дар варзиши тоҷик бояд ишғол намояд.
тиру камон, бозиҳои миллӣ ва варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Тоҷикистон, камонварӣ, Бозиҳои олимпӣ, камонварони Тоҷикистони советӣ
1. Бабаджанов А.К. История физической культуры и спорта в Таджикистане (1917-1997 гг.): Автореферат докт.дисс /Анвар Кузиевич Бабаджанов (07.00.02). - Душанбе, 1998. - 47 с.
2. Бобринский А.А. Горцы верховьев Пянджа. - М., 1908. – 196 с.
3. Бабаджонов А.К. Спортивный век Таджикистана. - Душанбе, 1998. - 150 с. 4. Воронков Р. Этапы стрельбы из лука. Ч.1. - М., 2014. - 60 с.
5. Джалилов А. Из истории культурной жизни таджикского народа. - Душанбе: Ирфон, 1973. - 86 с.
6. Закон Республики Таджикистан «О физической культуре и спорте». -№413. - Душанбе,15 мая 1997.
7. История таджикского народа. В 6 томах. Т.2. - Душанбе, 1999. - 792 с.
8. Касымова М. К истории изобретения и использования лука и стрел //Масъалаҳои мубрами таърих ва фарҳанги тоҷикон. Барориши 1./М.Касымова. - Хуҷанд, 2015. - С.60-68.
9. Касымова М. Стрельба из лука в визуальных источниках культуры иранских народов //Ахбори ДДХБСТ. / Худжанд. - №4. - 2015. – 13-19 с.
10. Маджи А. Е. Наскальные рисунки в горах Моголтау//ИООН, вып.14./А.Е.Маджи. - Сталинабад, 1957. - С.79-85.
11. Махмадрасулов Б.С. Физическая культура таджикского народа в средние века: автореферат канд.дисс./ Бободжон Саймахмудович Махмадрасулов. - Душанбе, 2002.
12. Салтовская Е.Д. Могильник Дашти Ашт//АО 1976 г./Е.Д.Салтовская. - М.: Наука, 1977. - С.573-574.
13. Салтовская Е.Д. О раскопках могильника Дашти Ашт в 1976 г.//АРТ. - Вып.16 (1976 г.)./Е.Д.Салтовская. - Душанбе: Дониш, 1982. - С.242-262.
14. Сыма Цзянь. Исторические записки. Т.9. - М., 2010.
15. Суяркулов Т. Прошлое и настоящее таджикского спорта. - Душанбе, 1968. - 168 с.
16. Суяркулов Т. История возникновения физической культуры и спорта в Таджикистане. - Душанбе, 1990. - 186 с.
17. Толстов С.П. Древний Хорезм. - М., 1948. - 168 с.
18. Торопов Я.Ш. Национальные виды спорта и игр в Таджикистане. - М., 1944. - 218 с.
19. Худойбердиев Р.И. Ибн Сина и вопросы физвоспитания //Материалы первой Всесоюзной научной конференции востоковедов в г.Ташкенте, 4-11 июня 1957 г./Р.И.Худойбердиев. - Ташкент, 1958. - С.1013-1016
20. Шамсиддинов М. Агар зан-бону сарриштаи варзиш месиришт. - Душанбе, 2011. – 242 с.