0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Ҳастии табиии инсон ва таносуби ҷисму ҷон дар «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ»

Муаллиф (он)

Асомуддинзода Тоҷиддин

Чакидаи мақола

Масъалаи таносуби ҳастиитабиӣ вамоҳияти ҷисму ҷони инсон аз мавзўъҳоихеле қадимаифалсафӣ буда, дартӯлитаърихфайласуфоноид баинмасъаладидгоҳҳоихудро ба таври мухталиф баён кардаанд. Дар фалсафаи ҒарбазЮнонибостонтобаимрӯзинмасъаламатраҳ будаву ҳастватоба ҳолмайдони баҳс ва ибрози андешаҳои гуногун дар ин мавзўъ идома дорад.

Масъалаи мазкур таваҷҷўҳи шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Ҷалолуддини Румиро низ ба худ ҷалб кардааст ва ў дар ин бобат дар «Маснавии маънавӣ» андешаҳои ҷолибе баён кардааст. Муаллифи мақола зимни тадқиқи андешаҳои ин мутафаккир муайян кардааст, ки ў  аз андешаҳои мутафаккирони Юнони Қадим ва Шарқ доир ба ҳастии табиии инсон ва моҳияти таносуби ҷисму ҷон чун унсурҳои муҳими ҳастии инсон огоҳии комил доштааст. Дар заминаи ин огоҳиҳо ў тавонистааст, ки ба таҳлили ин унсурҳо бипардозад ва дар ҳалли он андешаи худро баён намояд

Калидвожаҳо

ҳастӣ, табиат, ҷисм, инсон, фалсафа, материя, рўҳ, маърифат, Маснавиимаънавӣ, ҶалолуддиниРумӣ

Пайнавишт

1.    Абдуррасул, Мушкот, Фарҳанги вожаҳо, даромаде бар макотиб ва андешаҳои муосир/Мушкот Абдурасул. – Теҳрон: Созмони мутолиа ва тадвини кутуби улуми инсонии донишгоҳҳо, 1390.- 510 с.

2.    Бухинский, Ҷ. Фалсафаи муосири аврупоӣ (тарҷума аз олмонӣ Хуросонӣ Шарафид­дин) /Ҷ. Бухинский. – Теҳрон: Интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1383-3 52.

3.    Зиёев, Х.М. Мавлоно (Ҳаёт, таълимотвасайритаърихииандешаҳои ҶалолуддиниРумӣ)/Х.М. Зиёев. – Душанбе: Дониш.- 2007. - 176 с.

4.    Калонтарӣ, Иброҳим. Гавҳари гумшуда/Иброҳим Калонтарӣ.- Теҳрон: Дафтари нашри маориф, 1382.-159 с.

5.    Куллиёти фалсафа. таълифи Ричард Попкин (Richard Popkin) ва Аврум Стролл (Avrum Stroll), тарҷумаи Саидҷалолиддини Муҷтабавӣ/Куллиёти фалсафа. – Теҳрон: Ҳикмат, 1391.- 589 с.

6.    Нуриддин, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Рисолат-ун-нойия ( Баргардон аз хатти форсӣ бо эҳтимоми М. Саломов)/Ҷомӣ Абдураҳмон Нуриддин -   Душанбе: Пойтахт, 2014-38 с.

7.    Петерсон, М.  Ақл ва эътиқоди динӣ (тарҷумаи Аҳмади Нароқӣ)/М.Петерсон. -  Теҳрон:  Тарҳи нав, 1383.-252 с.

8.    Саидов Н.  Сопоставительный анализ проблемы человека, его сущности и сущностных сил в философии Аристотеля и Ибн Сины/Н.Саидов – Дисс...док. философ. наук:09 00 03./ Саидов Нуриддин Саидович. - Душанбе, 2009.-334 с.

9.    Фурӯғӣ, Муҳаммадалӣ, Сайри ҳикмат дар Аврупо/Муҳаммадалӣ Фурўғӣ. - Теҳрон, интишороти Сафиалишоҳ, 1379.-439 с.

Манбаъ:

 

1.    Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад Балхӣ. Маснавии маънавӣ/БалхӣМавлоно Ҷалолуддин.- Теҳрон: Нашри замон, 2001.-727с. 

Таърихи нашр

Вторник, 17 Январь 2017