0.0/5 овоз (0 овозҳо)

Фарҳангистонҳо ва масоили рушди забони форсии имрўза

Муаллиф (он)

Муҳаббатов Абулфазл

Чакидаи мақола

Дар мақола ҳаракати зиёиёни пешқадами  эронӣ ва роҳбарияти давлат баҳри демок¬ратонии забони адабии форсӣ дар охири асри ХIХ ва аввали садаи ХХ дар Эрон мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Зикр гардидааст, ки харакат баҳри демократонии забон, махсусан забони матбуот дар солҳои инқилоби Машрута (1906-1911) вусъат ёфт ва дар ҳамин даври вуруди  назарраси вожаю ибораҳои  халқӣ ба забони адабӣ  су¬рат пазируфт. Таъкид шудааст, ки ба раванди  рушду таҳаввули забону адаби форсӣ дар оғози асри ХХ нашри маҷмӯаи Сайид Муҳаммадалӣ Ҷамолзода «Яке  буду яке набуд» такони ҷиддӣ бахшидааст. Маҳз  мубориза баҳри демократонии забон заминаро  барои пайдоиши ҳара¬кати пуристӣ таҳти  шиори тоза кардани забони модарӣ аз иқтибосот, махсусан вомвожаҳои  арабӣ омода сохт. Нақши Фарҳангистон дар танзими раванди эҷоди истилоҳот зикр шудааст.

Калидвожаҳо

пок намудани забон, иқтибосот, Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, лексика, ҳаракати пуристӣ, демократонии забон, таъсири  забони арабӣ ва форсӣ

Пайнавишт

1.                  Бертельс Е.Э. История таджикско-персидской литературы. М., 1960.

2.                  Основы иранского языкознания. Т. III. Новоиранские языки. – М., 1982. – 573 с.

3.                  Пейсиков Л.С. Лексикология современного персидского языка. – М., 1975. - 206 с.

4.                  Назарзода С. Пояҳои густариши забони миллӣ. Душанбе, 2016. - 271 с.

5.                  Рубинчик Ю.А. Грамматика современного персидского литературного языка. – М., 2001. - 601 с.

6.                  Усул ва завобити вожагузинӣ ҳамроҳ бо шарҳу тавзеҳот// чопи фарҳангистони забони форсӣ, Теҳрон, 1378.

7.                  Афшор, Эраҷ. Насри форсии муосир. – Теҳрон, 1330.

8.                  Таботабоӣ, Муҳаммад. Кори Фарҳангистон аз забон то форсии дарӣ // Ваҳид, соли ҳаштум, шумораи 2. – Теҳрон, 1349.

9.                  Муҳаммад Ҷаъфарӣ,  Саъид Муҳаммад Маҳдӣ. Фархангистон ва сарнавишти  пажӯҳиш дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар нашри Дониш, давраи ду. – Теҳрон, 1361.

10.    Меҳрин. Меҳрдод. Ҷамолзода ва  афкори ӯ. – Теҳрон, 1344. – 311 с.

Таърихи нашр

Среда, 24 Апрель 2019

Индексатсияи маҷалла

Дӯстони мо

Воридшави ба сомона

5561998
Имрӯз
Рӯзи гузашта
Ҳафтаи ҷорӣ
Ҳафтаи гузашта
Моҳи ҷорӣ
Моҳи гузашта
Ҳама рӯз
692
2817
14217
15690
57358
68180
5561998

Прогноз Сегодня
3624


IP-и Шумо18.188.175.182